Аслиддин Достиев нест, вале маҳфилаш монд. ВИДЕО

Аслиддин Достиев

Ҳар сол якуми январ, рӯзи таваллуди рӯзноманигор Аслиддин Достиев, дар асл натиҷагирӣ аз кори яксолаи хабарнигорон дар минтақаи Кӯлоб буд. Ҳоло ӯ барҳаёт нест, вале ҳамкорону дӯстонаш тасмим гирифтанд, маҳфилро идома диҳанд.

Ба қавли рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим: “Тасмим гирифтем, мисли пештара, 1-уми январ дар хонаи Аслиддин Достиев ҷамъ шавем. Ҳамсару фарзандонаш гуфтанд, хонаи навро омода карданд. Гуфтам, дар ҳамон хонае менишинем, ки камаш бист соли охир дар онҷо Соли навро пешвоз мегирифтем.”

Имсол бистумин солгарди маҳфили рӯзноманигорони Кӯлоб ва 65-солагии Аслиддин Достиев аст. Шогирдонаш мегӯянд, ҷойи ӯ холист.

Дилшод Назирмадов, яке аз онҳо, гуфт: “Ҳадафаш, пеш аз ҳама, созандагӣ буд. Ба масъала аз ҳар зовия нигоҳ мекард. Ҳар чизе менавишт, ба нафъи ҷомеа, халқу миллат ва давлат буд.”

Хабарнигорони ҷавон бештар аз танбеҳу ташвиқаш ёд мекунанд. Худойдоди Ислом гуфт: “Ҳар вақт ба редаксия меомад, ҳатман як тавсия медод, барои беҳбудии кор. Кӯшиш мекард, аз донишу таҷрибаи худ чизе биомӯзонад. Самимӣ буд, мардонавор сухан мезад. Дар кор ҷиддӣ буд. Сарзаниш мекард, ки бояд хуб кор кунем.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аслиддин Достиев. "Сахт мегуфт, аммо ҳақ мегуфт"

Аслиддин Достиев дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хабарнигорӣ рӯй овард. Дар чанд расонаи дохилӣ ва хориҷӣ кор кардааст.

Ҳамкорон ӯро “қолабшикан” меноманд. Матлабҳояш дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб ва беэҳтиромии масъулони ин пойгоҳ нисбат ба сокинони маҳаллӣ сарусадо ба по кард. “Водии марг”-аш дар бораи гирифторӣ ва марги даҳҳо сокини Хатлон аз бемории сил таваҷҷуҳро ба сарнавишти онҳо афзун намуд.

Ӯро, ки дар нишастҳои хабарӣ мансабдоронро ба чолиш мекашид, моҳи августи соли 2022 ҷарроҳӣ карданд. Аслиддин Достиев дар 64-солагӣ даргузашт, вале навиштаҳояш ва маҳфили солонааш монданд.