Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, рӯзи 30-юми декабр ислоҳҳоро ба қонун дар бораи порлумони кишвараш имзо кард. Бар асоси он, президенти Беларус пас аз анҷоми ваколаташ узви доимӣ ё якумрии Сенат (Шӯрои Ҷумҳурӣ) хоҳад буд.
Раисҷумҳури Русия қонуни ба ин монандро соли 2020 имзо гузошт.
Қаҳҳор Маҳкамов, президенти пешини Тоҷикистон, то дами марг узви Маҷлиси Миллӣ буд.
Александр Лукашенко 29 сол боз ҷилави қудратро дар Беларус ба даст дорад. Ӯ пас аз таъсиси раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 президенти нахустин шуд. Аз он қабл раёсати Кумисюни мубориза бо фасодро ба дӯш дошт.
Дар ин муддат чанд бор Қонуни асосии кишварашро тағйир дод, то мақоми худро ҳифз кунад. Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо интихоботҳои охирро дар Беларус ғайриозоду ғайриқонунӣ хондаанд.
Лукашенко дар тобистони соли 2020 бори шашум дар интихоботи президентӣ иштирок кард. Намояндагони мухолифон гуфтанд, дар ин маърака Светлана Тихановская баранда шуд. Кумисюни интихобот Лукашенкоро пирӯз эълон кард.
Норозиён ба кӯчаҳо баромаданд, вале аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ шадидан саркӯб карда шуданд. Баъзе аз рақибони Александр Лукашенко ба муҳлатҳои дароз маҳкум шуда, бархе ночор кишварро тарк карданд.