Русия дар шаби Соли нав бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин пойтахт ва шаҳрҳои дигари Украинаро нишон гирифтааст. Нерӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, 45 дрони худкуши сохти Эронро аз байн бурданд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, дар паёме дар Telegram навишт, дар ҳамлаи шаби 31-уми декабри 2022 ба пойтахти Украина "як нафар кушта ва 22 кас, аз ҷумла як хабарнигори ҷопонӣ" захмӣ шуданд. Вай афзуд, сӣ дарсади сокинони Киев нерӯи барқ надоранд.
Ҳамлаҳо баъди он сурат гирифтанд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар паёме дар шаби Соли нав ишора кард, ки Кремл ба ҷанг дар Украина идома хоҳад дод. Ҷанги бедалеле, ки дар оғоз "амалиёти кӯтоҳмуддати низомӣ" гуфта мешуд, ҳоло ба моҳи 11-ум наздик мешавад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, барои идомаи ҳамла ба Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Путин интиқод кард. Вай гуфт, таърих раиси ҷумҳури Русияро нахоҳад бахшид.
"Дар шаби Соли нав мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ шуд. Мушакҳо ба сӯи мардум... Шуморо барои ин кор ҳеч кас дар ҷаҳон намебахшад. Украина намебахшад," -- афзуд ӯ.