Орзу Исоев, журналист ва шоири тоҷик, мегӯяд, орзуи муҳимтаринаш дар соли нави 2023 хатми ҷанг дар саросари ҷаҳон ва бахусус дар Украина аст.
“Ҳарчи зуд ғосибони рус қадами худро аз хоки Украина бикананд ва мардуми ин кишвар ба озодиву истиқлол бирасанд. Истиқлол дар ҳар ҷабҳа: ҳам аз лиҳози ҳудуду сиёсат ва ҳам аз лиҳози фарҳангу иҷтимоъ. Бигзор сарзамини худро раҳо кунанд,” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Нерӯҳои Русия моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла карданд. Аз он замон то ҳоло даргирӣ идома дорад. Аз ду тараф ҳазорҳо кас кушта ва миллионҳо нафар захмӣ, бехонаву дар ва муҳоҷир шудаанд.
Таҳқиқоти якҷояи Би-би-сӣ ва хабарнигорони “Медиазона” маълум кард, ки то рӯзи 9-уми декабри 2022 даҳ ҳазор сарбози рус кушта шудаанд. 430 нафари онҳо шахсоне будаанд, ки баъд аз эълони “мобилизатсия” (аз сентябр) ба ҷанг сафарбар шуданд.
Орзу Исоев, журналисти тоҷик, гуфт, ҳамчунин, орзу дорад, андуҳи мардуми Эрон дар соли нави милодӣ поён биёбад.
“Мехоҳам, ба вижа занони Эрон озодии худро дубора пас бигиранд ва он гуна ки орзу доранд, дар кишварашон зиндагӣ кунанд. Худашон тасмим бигиранд ва ихтиёрашон ҳеч гоҳ аз онҳо гирифта нашавад. Хулоса, орзуи ман ин аст, ки дар ҳар куҷои дунё даргириву ҷанг аст, хотима ёбад ва суруду тарона дар фазои ин кишварҳо танин биандозад,” – афзуд ӯ.
Эътирозе, ки пас аз марги Маҳсо Аминии 22-сола дар Эрон сар зад, чаҳор моҳ боз идома дорад. Ӯ ба гумони риоя накардани ҳиҷоб дастгир ва дар шароити мармуз ҷон бохт.
Созмони Ҳуқуқи Башари Эрон, қароргоҳаш дар Осло, мегӯяд, дар ҷараёни саркӯби тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар ин кишвар садҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд.