Устоде, ки дипломашро пора кард, аз идомаи эътирозаш бар зидди Толибон гуфт

Занони афғон дар Кобул

Як устоди донишгоҳи Кобул, ки дар эътироз ба тасмими Толибон дар робита ба манъи таҳсили духтарон дипломи худро пора кард, мегӯяд, тарсе аз ҷонаш надорад.

Исмоил Машъал, устоди донишгоҳи Кобул ҳафтаи гузашта дар як барномаи телевизиони “Тулӯъ” диплому дигар санадҳояш барои кор дар донишгоҳро пора ва Толибонро барои чунин тасмим сахт танқид кард.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Франс-пресс” гуфтааст, “дастовардҳои ҳаждаҳсолаи худ, тамоми асноди аслиро дар 5 дақиқа нобуд кардам ва ин эътирози ман, ҳатто агар ба ҷонам ҳам хатар эҷод шавад, давом меёбад.”

Толибон дар нимаи моҳи декабри имсол эълон карданд, ки кору таҳсили духтарону занон дар Афғонистонро манъ карданд. Ин тасмими Толибон эътирози кишвару созмонҳои хориҷиро ба бор овард.