Резников гуфт, аз Русия гурезед, ки марзҳо баста мешаванд

Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина

Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина дар як муроҷиати телевизонӣ гуфт, ки Русия дар оғози соли 2023 марзҳояшро мебандад ва дубора сафарбарии нерӯҳои захиравӣ ба артишро оғоз мекунад.

Ӯ дар ин суҳбаташ бо забони русӣ, ки рӯзи 30-юми декабр нашр шуд, аз шаҳрвандони Русия хост, ки саривақт аз кишвар берун шаванд, то маҷбур ба ҷанг ҷалб нашаванд.

Алексей Резников шарҳ надод, ки хабари даъвати дубораи нерӯҳои захиравӣ ба артишро аз куҷо дастрас кардааст, аммо аз шаҳрвандони Русия хост, ҳушёр бошанд ва барои як “гурӯҳи ҷинояткор” худро ба куштан надиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 300 ҳазор нафаре, ки дар даъвати якуми сафарбарӣ дар тирамоҳи имсол ба артиш ҷалб шуда буданд, аллакай ҳазорон нафар кушта ва маъюб шудаанд.

Русия тобистони имсол даъвати нерӯҳои захиравӣ ба артишро эълон кард. Он замон ҳам даҳҳо ҳазор нафар, ки эҳтимоли ҷалб шуданашон ба артиш вуҷуд дошт, аз Русия фирор карданд.

Ҳукумати Русия эълон карда буд, ки сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш ба анҷом расидааст. Рӯзи 28-уми октябр Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, ба Владимир Путин, президенти ин кишвар, ҳисобот дода буд, ки тибқи нақша беш аз 300 ҳазор нафарро ба артиш ҷалб кардаанд.

То кунун ҳеҷ қарори расмие дар бораи анҷоми сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш содир нашудааст, аз ин рӯ, бисёриҳо гуфтаи мақомдори украиниро ба воқеият наздик медонанд.