Покистону Афғонистон дар феҳрасти кишварҳои хатарноктарин

Аз чап ба рост: Сабавун Кокар, Абдуллоҳ Ҳанонзай ва Муҳаррам Дурронӣ. Ин се хабарнигори Радиои Озодӣ дар Афғонистон 30 апрели соли 2018 кушта шуданд

Гузоришгарони бидуни марз, як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯяд, дар давоми бист соли гузашта дар саросари ҷаҳон тахминан 1700 журналист ва корманди матбуот барои иҷрои вазифаҳои касбиашон кушта шуданд ва ин тахминан 80 нафарӣ дар як солро ташкил медиҳад.

Дар таҳқиқи ин созмон, ки рӯзи 30 декабр нашр шуд, Ироқ ва Сурия хатарноктарин макони кору зиндагӣ барои журналистон дониста мешаванд. Дар давоми 20 соли гузашта дар ин кишварҳо дар маҷмӯъ 578 хабарнигор кушта шудааст. Дар пай Мексика, Филиппин, Покистон, Афғонистон ва Сомали қарор гирифтаанд. Дар Афғонистон соли 2018 се ва соли 2020 як журналисти Радиои Озодӣ кушта шуданд.

Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтааст, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 74 рӯзноманигор кушта шудаанд.