Танзимгари миллии Ҳинд рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки ширкати Marion Biotech истеҳсоли доруи "Док-1 Макс"-ро қатъ кардааст. Дар Узбекистон баъди истифодаи ин дору 19 кӯдак фавтид.
Як кӯдаки якунимсола дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 28-уми декабр баъди истеъмоли доруи "Док-1 Макс" ҷон бохтааст.
Додситонии вилояти Қашқадарёи Узбекистон дар робита ба марги кӯдак парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишотро оғоз кардааст.
Шумори кӯдаконе, ки дар Узбекистон баъди истеъмоли доруи мазкур ҷон бохтанд, ба 19 расид. Ин доруро ширкати ҳиндии "Marion Biotech" истеҳсол кардааст.
Қаблан Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба марги 18 кӯдак баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Шуруъ аз 22-юми декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.