Қазоқистон як низомии аз басеҷ фирории русро ба кишвараш истирдод кард

Михаил Жилин, майори Хадамоти федеролии муҳофизати Русия аз Қазоқистон ба кишвараш истирдод шуд. Вай баъди эъломи басеҷи низомӣ аз Русия ба Қазоқистон фирор карда буд. Ин хабарро ҳамсари Жилин тасдиқ крад.

Евгений Жовтис, мудири Бюрои қазоқистонӣ оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, Қазоқистон "ба далели фишорҳо" Жилинро ба Русия истирдод кард.

Пештар додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор карда буд, ки Михаил Жилин 40 рӯз дар ҳабс бимонад.

Ҳамсари Жилин дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта буд, додгоҳ ҳукми худро онлайнӣ ва бидуни ҳузури нозирон содир кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, наздикон ва вакили дифои афсари рус ҳоло талош доранд, то аз болои қарори Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоии вилояти Абайи Қазоқистон, ки рӯзи 30 ноябри имсол ба Михаил Жилин мақоми паноҳандагӣ надод, шикоят баранд.

Жилин ибтидои моҳи декабр ҳангоми кушиши парвоз ба Арманистон дар Остона дастгир шуд.

Михаил Жилин дар Русия масъули иртиботи ҳукуматии президент Владимир Путин бо минтақаҳо буда, ба сирҳои давлатӣ дастрасӣ дошт ва бинобар ин берун рафтани ӯ аз кишвар манъ карда шудааст.