Дар 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 40 омӯзгорро барои латукӯб ва зӯроварӣ ба кӯдакон ҷазо додаанд.
Дар гузориши ҳукумат ба Созмони Милал аз моҳи ноябри имсол гуфта шудааст, аз соли 2018 то 2022 дар кишвар ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдкон парванда кушоданд.
Аз ҷумла, 41 омӯзгор ва 22 падару модар бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” маҳкум шудаанд.
Дар гузориши мақомоти тоҷик ба СММ омадааст, дар 5 соли охир кормандони ҳифзи ҳуқуқ 635 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандонро ошкор кардаанд.
Мавридҳои латукӯб ва зӯровари нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳар сари чанд расонаӣ мешавад.
Моҳи октябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби тифле аз сӯйи падараш нашр шуда, баҳсҳои зиёдро ба бор овард.
Мақомоти интизомӣ падари тифлро боздошту ҷарима карда буданд. Масъулон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.