Созмони Милали Муттаҳид фаъолияти баъзе аз барномаҳои башардӯстонаашро дар Афғонистон бас кард. Сабаб ин аст, ки Толибон кори занонро дар созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвар манъ карданд.
Дар ин бора The Guardian бо такя ба изҳороти намояндагони СММ хабар дод. Масъулони созмони байнулмилалӣ гуфтаанд, «манъи кори занон дар созмонҳои кумакрасон барои мардуми Афғонистон пайомадҳои фоҷеабор хоҳад дошт.»
Қариб тамоми созмонҳои ҷаҳонӣ, ки ба сокинони Афғонистон ёриҳои башардӯстона мерасонданд, кори худро дар ин кишвар бас мекунанд. Намояндагони созмонҳо мегӯянд, бе кормандони зан наметавонанд, фаъолияти худро идома диҳанду бо занони ниёзманд ёрии ҳаётан муҳим расонанд.
Қаблан вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Бритониё аз ҳукумати Толибон хостанд, дастури манъи кори занонро дар созмонҳои ғайридавлатӣ бекор кунад.
Онҳо таъкид карданд, ки ин фармон ҳаёти миллионҳо сокини ниёзмандро дар Афғонистон зери хатар мегузорад.
Чанд рӯз пеш Вазорати иқтисоди Толибон дар хабарномае кори занонро дар созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон "мамнуъ" кард. Ин ниҳод таҳдид намуд, ки дар сурати сарпечии муассисаву созмонҳои ғайридавлатӣ ва байнулмилалӣ аз ин ҳукм, иҷозатномаи фаъолияти онҳоро бекор мекунад.
Толибон дар чанд рӯзи гузашта ба иловаи манъи занон аз кор, онҳоро аз ҳаққи омӯзиш ва таҳсил дар донишгоҳҳо низ маҳрум карданд.