Раиси Федератсияи шоҳмоти Эрон Ҳасани Таъминӣ гуфт, шоҳмотбози эронӣ Ходималшариа Соросодот, ки дар сабқате дар Қазоқистон бе ҳиҷоб иштирок кард, Теҳронро намояндагӣ намекунад.
"Ин шоҳмотбоз дар мусобиқаи мазкур ройгон ва аз ҳисоби худ иштирок кард. Вай ба ин мусобиқа тариқи федератсия нарафтааст”, - иқтибос овардааст хабаргузории "Arab News" аз суханони раиси Федератсияи шоҳмоти Эрон.
Шоҳмотбози маъруфи эронӣ Ходималшариа Соросодот рӯзи 26-уми декабр дар сабқати Федератсияи байнулмилалии шоҳмот дар шаҳри Алматои Қазоқистон зоҳиран ба нишони ҳамраъйӣ бо эътирозгарон дар кишвараш бе ҳиҷоб иштирок кард.
Дар пайи марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ, ки бо гумони бадҳиҷобӣ аз ҷониби полиси ахлоқ боздошт шуда буд, мавҷи эътирозҳои сартосарӣ Эронро фаро гирифт.
Ходималшариа Соросодот яке дигар аз чеҳраҳои маъруфи эронӣ аст, ки дар макони умумӣ бидуни ҳиҷоб зоҳир шудааст.