Як шоҳмотбози маъруфи эронӣ зоҳиран ба нишони ҳамраъйӣ бо эътирозгарон дар кишвараш дар сабқате дар Қазоқистон бе ҳиҷоб иштирок кард.
Ба навиштаи бисёре аз расонаҳои эронӣ, Соро Ходим рӯзи 26-уми декабр дар сабқати Федератсияи байнулмилалии шоҳмот дар Алмато бидуни ҳиҷоби исломӣ баромад.
Дар пайи марги духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ, ки бо гумони бадҳиҷобӣ аз ҷониби полиси ахлоқ боздошт шуда буд, мавҷи эътирозҳои сартосарӣ Эронро фаро гирифт.
Ходим яке дигар аз чеҳраҳои маъруфи эронӣ аст, ки дар макони умумӣ бидуни ҳиҷоб зоҳир шудааст.