Ҳафтуним миллион аҳолии Тоҷикистон “деҳотӣ” будаанд

Акс аз бойгонӣ

Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтааст, танҳо 2,5 миллион аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва беш аз 7,5 миллиони дигар дар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд.

Оҷонс бо нашри феҳрасти нави сабти шаҳрвандони кишвар гуфтааст, тақрибан 74 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ҳастанд.

Бар ин асос беш аз 51 дар сади аҳолии кишвар мардҳо будаанд. Шумораашон 140 ҳазор бештар аз занон.

Мақомот дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки рӯзи 23-юми июл дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе тифле чашм ба дунё кушод, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион нафар баробар кард.