Сардори Хадамоти додситонҳои махсуси Додситонии кулли Қазоқистон Ризабек Ожаров гуфт, ҳодисаҳои моҳи январи имсолро дар он кишвар 21 кас "ташкил кардааст".
Ба гуфтаи Ожаров, зидди онҳо бо бандҳои "Бетартибиҳои оммавӣ" ва "Дуздии силоҳ" парванда боз шудааст.
Додситони қазоқ ҳамчунин афзуда, ки пушти "ҳодисаҳои январӣ"-и кишвараш неруҳое меистоданд, вале дар ин бора ҷузъиёти бештар надод.
Ӯ гуфт, дар робита ба ҳалокати сокинони осоишта дар ҷараёни ҳодисаҳо зидди кормандони қудратӣ бо банди "Куштор" парванда боз шудааст ва амали онҳо дар ин нооромиҳо ҳамчун "баромадан аз ҳадди ваколат" арзёбӣ мешавад.