Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо фармоне аз 13-уми декабр домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро аз раёсати Бонки Миллӣ берун кардааст. Бар асоси фармон, ки дар сомонаи “Адлия” маҳфуз аст, Фирӯз Шарифзода ва Алиҷон Салимзода, муовинони раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, аъзои нави раёсат таъин шудаанд.
Ҷамолиддин Нуралиев, домоди 45-солаи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар аввали моҳи июни имсол аз мақоми муовини аввали раиси Бонки Миллӣ барканор карда шуд. Барканории бе шарҳи ӯ овозаҳои зиёдеро аз ишораи Маскав гирифта, то зиндагии оилавии духтари президенти Тоҷикистон ба миён овард.
Баъзе аз манобеъ дар моҳи августи имсол гуфта буданд, ки барканории ӯ ба як моҷарои дохилӣ дар оилаи Эмомалӣ Раҳмон рабт дошта, ба зудӣ вазифаи нав хоҳад гирифт. То ҳол маълум нест, ки оё ӯ мақоме дорад ё не.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро Ҷамолиддин Нуралиев барканор шуд? Оё хоҳад бозгашт?Сафири пешини Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Ҷозефсон моҳи августи имсол дар паёме ӯро “ситора” номид ва хост, “ҳаргиз тағйир наёбад, ҳамоно ҳадафи волоро дунбол ва дар кашфи чарогоҳҳои дастнахӯрда таваккул кунад”. Ин суханони сафир, ки дар посух ба сипоси Нуралиев аз саҳми Ҷозефсон дар “ҷунбондан”-и тарҳи Роғун гуфта шудаанд, аз як сӯ паёме ба Эмомалӣ Раҳмон буда метавонанд, аз сӯйи дигар духӯрагие доранд, ки ба ҷойи “кашфи обҳои шинонакарда”, “чарогоҳҳо ё чаманҳои дастнахӯрда” истифода шудааст.
Таҳсилкардаи Амрико ва меъмори низоми ҳозираи бонкии кишвар, Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳукумати Тоҷикистон “ғарбгаро” дониста мешавад. Бино бар таҷрибаи кораш дар ниҳодҳои молиявии Ғарб, дар Бонки Миллӣ гуфтушуниди Тоҷикистонро бо Сандуқи Байнулмилалии Пул пеш мебурд.
Тоҷикистон чанд сол боз талош дорад, аз ин созмон қарзҳои боимтиёз гирад ва шомили Барномаи васеи қарздиҳӣ шавад ва бинобар ин бисёре аз шартҳои СБП-ро иҷро кард. Аз ҷумла, бо талаби созмон ду бонки дучори мушкилшудаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро барҳам дод, “Барқи Тоҷик” ба се ширкат тақсим карда шуд. Аммо ҳанӯз Тоҷикистон барои ба даст овардани қарз аз СБП муваффақ нагашт.
Тоҷикистон аз соли 2008, баъди бармало шудани ҳолати “истифодаи ғайримақсаднок”-и пулҳои СБП аз сӯи Бонки Миллӣ аз қарзу грантҳои созмон маҳрум монд ва Нуралиев ҳам натавонист, “дили ин созмонро” биёбад.
Дар солҳои кори Нуралиев дар Бонки миллӣ чаҳор бонки Тоҷикистон муфлис шуд ва ҳазорон амонатгузор сарсон. Оғози муфлисшавии ин бонкҳо аз раёсатҳои қаблии Бонки Миллӣ мерос монда буд, аммо шеваи барҳамдиҳӣ ва таракаву тақсими моликияти бонкҳои муфлисшуда ба муштариён ниҳоят тӯл кашид ва садҳо амонатгузор ҳанӯз сарсонанд.
Таҳия ва фурӯши евробондҳои Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ аз тарҳҳои зери роҳбарии Ҷамолиддин Нуралиев гуфта мешавад. Кишвар тирамоҳи соли 2017 барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” авроқи гаронбаҳо ё ба истилоҳ евробондҳоро ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхт, ки ҳар сол 7,2 дарсад баҳраи онро бояд бипардозад.
Ҳарчанд коршиносони Вазорати молия дар як санад баҳраи ин қарзҳоро баланд номида буданд, Эмомалӣ Раҳмон аз он ситоиш карда, гуфта буд, ин нишонаи “боварии сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон” аст. Зимнан моҳи майи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон аз кори раёсати Бонки Миллӣ интиқод кардаву гуфта буд, “дар дохили давлат давлати дигар бунёд кардан даркор нест!” Пас аз ин гуфтаҳо ӯ роҳбарони Бонки миллӣ, аз ҷумла Нуралиевро ба хотири “ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ” “танбеҳ” дода буд.