Таҳқиқоти ибтидоии озмоишгоҳӣ дар таркиби доруи "Док-1 Макс", ки дар Узбекистон чандин кӯдак баъди истеъмоли он ҷон дод, "этиленгликол"-ро ошкор кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, "ин дору заҳролуд буда, маҳлули 95%-и он ҳангоми ворид шудан ба бадан боиси тағйироти ҷиддӣ дар саломатии бемор хоҳад шуд".
Санҷиш нишон додааст, ки дар Узбекистон 21 кӯдак баъди истеъмоли доруи мазкур дар беморхона бистарӣ шуда, 18 тани онҳо ҷон додааст.
Пештар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар ду моҳи охир вазъи сиҳатии 20 кӯдак аз Самарқанд баъд аз истеъмоли доруи "Док-1 Макс" бад шуда, 15 кӯдак фавтидааст. Доруи "Док-1 Макс"-ро Ҳинд истеҳсол мекунад.
Як масъули маркази тиббии вилояти Самарқанд гуфта буд, ин кӯдакон ба "дарди гурда" гирифтор шудаанд.
Аз 22-юми декабри соли 2022 фурӯши доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон манъ шудааст. Дар робита ба марги кӯдакон дар Узбекистон дар Қирғизистон низ фурӯши доруи "Док-1 Макс"-ро манъ кардаанд.