Раиси пешини Андиҷон 10 сол зиндонӣ шуд

Баҳром Ҳайдаров

Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон рӯзи 27-уми декабр раиси пешини вилояти Андиҷонро, ки ба азхудкунии маблағҳои буҷет айбдор мешуд, 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Баҳром Ҳайдарови 50-сола дар "Азхудкунӣ", "Сохтакорӣ" ва "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ" гунаҳкор дониста шудааст.

Ҳайдаров ҳамчунин аз ҳаққи кор дар вазифаҳои масъул, молиявӣ ба муҳлати 3 сол маҳрум ва 85 миллиону 750 ҳазор сӯм (7,6 ҳазор доллар) ҷарима шудааст.

Қаблан дар Додситонии кулли Узбекистон гуфта буданд, ки Ҳайдаров дар мансаби пешинаш - сардори бахши молии вилояти Андиҷон - бо зердастонаш аз буҷаи вилоят 4,34 миллион долларро ғорат кардааст.

Дар доираи парвандаи ҷиноӣ 37 кас ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, 32 тани онҳо боздошт шуда буданд. Пештар аз ин, Ҳайдаровро дар мақоми раиси шаҳр дар расонидани зарар дар ҳаҷми 153 ҳазор доллар айбдор карда буданд.