Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чанд ноболиғро бо гумони латтукӯби як наврас дар Душанбе боздошт кард. Шоми 25-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он гурӯҳе аз наврасон як ноболиғро латукӯб мекунанд.
Раёсат шумори дақиқи боздоштшудаҳоро нагуфтааст, аммо дар навор тақрибан 10 нафар сабт шудаанд, ки чаҳор нафар латукӯб мекунанд, ду нафар наворбардорӣ ва дигарон тамошо мекунанд.
Дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст. Ба иттилои манбаъ, мактабхонҳо як ҳамсоли худро латукӯб карда, ин ҳолатро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Назари боздоштшудаҳо дастрас нест ва ҳам маълум нест, ки чаро онҳо даст ба чунин кор заданд. Тафтиши пешакӣ аз рӯи ин ҳолат идома дорад.
Мақомот солҳои ахир аз ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон, ки аксарияташ мактабхонанд, нигаронӣ мекунанд.