Вазорати тандурустии Қазоқистон иттилоъ дод, ки 25-уми декабр 163 кас дар ин кишвар ба коронавирус (COVID-19) мубтало шудааст.
Хадамоти матбуотии вазорат мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҷамъан дар Қазоқистон 2663 нафари мубтало ба коронавирус сабт шудааст.
350 кас дар беморхона ва 2313 бемори дигар дар хона табобат мегиранд. Вазъи 11 нафари беморон вазнин буда, ду кас зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дорад.
Вазорати тандурустии Қазоқистон охири ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки "вазъи эпидемиологии марбут ба коронавирус дар он кишвар муътадил аст".
Бино ба хабарҳо, шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон давоми ҳафтаҳои ахир 3 дарсад афзоиш ёфтааст.