Ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон як ҳаққи дигар доданд

Порлумони Тоҷикистон бо тағйири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба нозирони роҳ ҳақ додааст, ки мошинҳои ҳарбиро барои нақзи қоидаҳои роҳ ҷарима банданд.

Пештар нозирони роҳ ҳақ надоштанд, мошинҳои низомиро барои нақзи қоидаҳои роҳ манъ кунанд. Онҳо танҳо аз қонуншикании мошинҳои Вазорати мудофиа ба ин ниҳод хабар медоданд ва парвандаашон бо иҷозаи додситонии ҳарбӣ баррасӣ мешуд.

Бар асоси тағийроте, ки вакилони порлумони Тоҷикистон онро 21-уми декабр пазируфтанд, ба нозирони роҳ ҳақ медиҳад, танку БТР ва навъҳои дигари мошини низомиро дар роҳ манъ карда, барои вайрон кардани қоидаи роҳ ҷарима кунанд.

Вакилони порлумон гуфтаанд, тағйир ба қонун икмон медиҳад, нақзи қоидаҳои роҳ аз ҷониби низомиён камтар шавад.

Омори дақиқе рӯи даст нест, ки дар як сол чанд бор кормандони мақомоти низомӣ қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон кардаанд.