Рӯзноманигор Абдуқодир Муъминов, ки бо интиқодҳои шадидаш аз хонаводаи раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар “Youtube” маъруф аст, гуфт, аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.
Дар чеҳра ва дастони Муъминов, ки тавассути як пахши мустақим дар ин бора хабар медод, осори латткӯб дида мешуд.
Раёсати пулиси Тошканд хабар дод, ки дар ҷойи ҳодиса изи ангушти панҷ нафарро пайдо кардаанд ва дар робита ба ин ҳодиса бо банди “Ғоратгарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Муъминов аз фасодкорӣ дар Узбекистон, аз ҷумла даст доштани аъзои хонаводаи раисҷумҳури ин кишвар бо шумули домодҳояш дар ин корҳо танқид мекард.
“Чанд ниқобпӯш дар назди хонаам маро латтукӯб карданд. Шишаҳои мошинамро шикастанд. Онҳо мехостанд, маро кушанд. Ман тавонистам гурезам. Агар хато накунам, панҷ нафар буданд. Ба назар мерасад, ки дар Узбекистон “қонунҳои кӯчагӣ” ба иҷро медароянд”, - изҳор дошт Муъминов.