Дар Қазоқистон синни нафақаи занонро 5 сол тағйир намедиҳанд

Пештар сокинони Қазоқистон поин бурдани синни нафақаи занонро талаб доштанд

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев қонунеро имзо кард, ки бар асоси он то панҷ соли дигар занон дар 61-солагӣ бознишаста хоҳанд шуд.

Ин лоиҳаи қонун қаблан аз сӯи вакилони порлумони Қазоқистон ба тасвиб расида буд. Лоиҳаи қонун пешбинӣ мекунад, ки синни нафақаи занон дар Қазоқистон ба муҳлати 5 сол дар 61-солагӣ нигаҳ дошта шавад.

Тибқи хулосаи кумитаи дахлдори порлумони Қазоқистон, ин тағйирот ҳамчунин “пайваста” боло бурдани ҳаҷми ҳадди ақалли нафақаи асосӣ то 70 дарсад ва ҳадди аксар то 120 дарсадро пешбинӣ мекунад.

Сокинони Қазоқистон моҳи майи имсол якбора дар чаҳор шаҳри он кишвар - Нурсултон, Алмато, Оқтеппа ва Костанай бо талаби поин бурдани синни нафақа барои занон тазоҳурот карда буданд.

Онҳо хостанд, ки синни баромадан ба нафақа барои занон то ба 58-солагӣ муайян карда шавад. Гуфта мешуд, то соли 2027 синни ба нафақа баромадани занону мардон ба 63-солагӣ баробар карда шавад. Дар Қазоқистон ҳар соле синни ба нафақа баромадани занонро 6 моҳ тамдид мекарданд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон бештар аз 2 миллион нафақахӯр мавҷуд аст.