Дар Узбекистон вазорату идораҳоро кам мекунанд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон қарорҳоро дар бораи аз 61 то 28 адад расонидани теъдоди вазоратҳо ва идораҳо имзо кард. 20 идора дар он кишвар комилан барҳам дода мешавад.

Аз 1-уми январи соли 2023 дар Узбекистон теъдоди мақомоти худиҷроияи давлатӣ аз 61 ба 28 адад кам карда мешавад. Теъдоди вазоратҳо аз 25 ба 21 мерасад ва 20 ниҳоди давлатӣ комилан барҳам дода мешавад.

Дар ин бора дар фармон ва қарори президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зикр шудааст. Фармону қарор 21-уми декабр ба имзо расид, хабар дод Шерзод Асадов, котиби матбуотии президенти Узбекистон.

Бино ба фармони президент, теъдоди кормандони мақомоти давлатӣ 30 дарсад кам хоҳад шуд.