Кумитаи омори Узбекистон хабар дод, ки дар моҳи ноябри имсол аз ин кишвар ба Чин ба маблағи 39,6 миллион доллар газ содирот шудааст. Ҷониби Чин омори дигарро пешниҳод мекунад.
Дар моҳи гузашта Чин хабар дода буд, ки ба 114,2 миллион доллар аз Узбекистон газ харидааст.
Омори 11 моҳи дигари соли ҷорӣ низ байни Узбекистон ва Чин дар мавриди содироти газ аз ҳамдигар фарқ мекунад.
Ба иттилои ҷониби Узбекистон, ин кишвар ба Чин дар 11 моҳ ба 910,8 миллион доллар газ додааст. Бино ба омори ҷониби Чин, ин кишвар аз Узбекистон дар 11 моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 1,03 млрд доллар газ ворид кардааст. Ин нишондод дар ҳаҷми 13% бештар аз нишондодест, ки ҷониби Узбекистон хабар додааст.
Мақомоти Узбекистон дар соли ҷорӣ чанд маротиба хабар доданд, ки содироти газро ба Чин муваққатан қатъ кардаанд.
Кумитаи омори Узбекистон гуфт, маълумоте, ки нашр шудааст, муқаддамотист. Дертар иттилои комил ба нашр хоҳад расид.