Пашинян: Русия масъулияташро дар Қарабоғи Куҳӣ иҷро намекунад

Никол Пашинян

Сарвазири Арманистон низомиёни русеро, ки дар Қарабоғи Куҳӣ қарор доранд, танқид кард.

Никол Пашинян онҳоро баъди он ки фаъолони озарбойҷонӣ ягона роҳи пайвасткунандаи Арманистонро бо Қарабоғи Кӯҳӣ бастанд, ба беамалӣ айбдор намуд.

Пашинян рӯзи панҷшанбе, 22-юми декабр, дар ҷаласаи ҳукумати Арманистон гуфт, ҳодиса боиси ба миён омадани буҳрони башардӯстона дар Қарабоғи Кӯҳӣ шудааст.

Нахуствазири Арманистон рафтори Озарбойҷонро дар долони "Лочин" ғайриқонунӣ номид ва ҳамчунин Русияро интиқод кард, ки уҳдадориҳои худро иҷро намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар изҳороти сеҷониба аз 9-уми ноябри соли 2020 пешбинӣ шуда буд, ки долони "Лочин" бояд зери назорати нерӯҳои посдори сулҳи Русия бошад.

"Ин банд имрӯз амалан татбиқ намешавад. Воқеан, маълум мешавад, ки посдорони сулҳи Русия уҳдадориеро, ки тибқи изҳороти сеҷониба дар мавриди зери назорат нигоҳ доштани долони Лочин ба дӯш гирифта буданд, иҷро намекунад", - изҳор дошт Пашинян.

Долони ба истилоҳ "Лачин" аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ бастааст. Гуруҳе аз фаъолони Озарбойҷон дар эътироз ба "истихроҷи ғайриқонунии сарватҳои табиии минтақа" аз сӯи Арманистон роҳро бастаанд. Низомиёни рус вазъро назорат мекунанд, вале дахолат наменамоянд.