Хабарнигорони Озодиро ба маросиме бо иштироки президент роҳ надоданд

Алмато, 23-юми декабри 2022

Рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз лавҳаи ёдгории қурбониёни ҳаводиси моҳи январи соли 2022 пардабардорӣ шуд. Дар ин маросим президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев иштирок кард.

Мақомоти интизомӣ ба хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки дар чорабинии мазкур ширкат кунанд. Ба ин маросим танҳо хабарнигорони расонаҳои давлатӣ роҳ дода шудаанд.

Ибтидои соли ҷорӣ дар шаҳри Алмато бетартибиҳои оммавӣ сар зад. Гирдиҳамоиҳое, ки дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон шуруъ шуданд, ба шаҳрҳои дигари он кишвар "кӯчиданд". Дар Алмато эътирозҳо ба бетартибиҳои оммавӣ печид.

Қароргоҳи президент, бинои ҳукумат дар шаҳри Алмато оташ зада шуданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо дар саросари Қазоқистон 238 кас кушта шудааст.

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ Қазоқистонро барои таҳқиқи якҷонибаи ҳодисаҳои январӣ танқид карданд.