Дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико рӯзи 23-юми декабр барои қабули тарҳи қонуне овоз медиҳанд, ки ба ҳукумат иҷозаи идораи буҷаи соли молии 2023-ро медиҳад.
Дар буҷаи соли ояндаи ИМА 45 миллиард доллар ҳамчун кумак барои Украина ва ҳампаймонони Амрико дар НАТО пешбинӣ шудааст.
9 миллиард доллар аз ин маблағ ба ниёзҳои мухталифи низомиҳои Украина, 13 миллиард доллар ба кумаки бахши иқтисодии Украина равона мешавад.
12 миллиард доллари дигар мустақим ба Киев дода намешавад, вале барои захираи таслиҳот ва дастгоҳҳое сарф мегардад, ки пештар Иёлоти Муттаҳида ба Украина дода буд.
Маблағи боқимонда ба барномаҳои башардӯстона ва сармоягузории фармондеҳии ИМА дар Аврупо харҷ хоҳад шуд.
Владимир Зеленский дар сафари ахираш ба ИМА аз Конгресс хоста буд, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷудо шудани маблағи мазкур рой диҳад.