Путин гуфт, дар фикри хатми ҷанг ҳастанд, вале…

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 22-юми декабр гуфт, ки кишвараш дар фикри хатми ҷанг дар Украина буда, ба музокирот бо Киев мухолиф нест.

Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, вазъ баръакси он аст ва Путин ҳеч аломате ба ҷонибдорӣ аз музокирот нишон надодааст.

Як рӯз пас аз сафари президенти Украина Владимир Зеленский ба Вашингтон, Путин дар мулоқоташ бо хабарнигорон дар шаҳри Маскав иброз дошт, ки тарафдори хатми босуръати ҷанг аст.

Сухангӯйи амнияти миллии Қасри Сафед Ҷон Кирби мегӯяд, амалҳои Путин баръакси ҳолро нишон медиҳанд.

Ҳамин гуна котиби даавлатии Амрико Энтони Блинкен низ изҳор намуд, ки Русия ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ҳалли дипломатии ҷанги Украина нишон надодааст.