Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорон дар кишвар барои бунёди 52 дидбонгоҳи марзӣ маблағ додаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба порлумон аз талошҳои соҳибкорон дар рушди кишвар тавсиф ва аз монеагузории бархе роҳбарони ноҳияҳоро нигаронӣ кард.
Оқои Раҳмон дар паёмаш нагуфт, ки 52 дидбонгоҳе, ки бо маблағи соҳибкорон бунёд мешавад, дар марзи Тоҷикистон бо кадом кишвар ҷойгир аст. Эмомалӣ Раҳмон танҳо афзуд, иқдоми соҳибкорон барои сохтани дидбонгоҳҳои марзӣ "ихтиёрӣ буд" ва ӯ ба касе супориш надодааст.
Як бахши асосии паёми президент ба порлумон дар бораи дастгирии соҳибкорон буд. Ҳарчанд солҳои ахир шикоятҳои соҳибкорон аз тафтишҳои зиёд, андозҳои гарон ва дигар мушкилиҳо зиёд аст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми декабр он нигаронӣ кард, ки баъзе роҳбарони ноҳияҳо аз ҳисоби "нафси бадашон" саривақт ба соҳибкорон кӯмак намекунанд.
"Ба соҳибкорон даст нарасонед",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.