Шаҳрдории Алмато ба феминистҳои Қазоқистон иҷозат надод, ки 8-уми марти соли 2023 ҳамоиш ва роҳпаймоиеро ба ҳимоят аз ҳуқуқи занон баргузор кунанд.
Ҷомеаи феминистҳои Қазоқистон дар изҳороти худ, ки дар саҳифаи "instagram-сообществе 8marchkzок" нашр шуд, гуфтааст, фаъолони онҳо роҳпаймоии занонро дар Алмато аз соли 2017 баргузор мекунанд ва ду соли ахир садҳо нафар дар онҳо иштирок карда, ҳамчунин дар ҳисоботҳои давлатӣ "беҳтарин чорабиниҳо" номида мешаванд.
"Аммо шаҳрдории Алмато ҳар сол кушиш мекунад, ки монеи баргузории чорабинӣ шавад. Мо бо фишорҳо, “сӯҳбатҳо” барои мутмаин сохтанамон ба даст кашидан аз роҳпаймоӣ, омадани пулис ба хонаи ташаббускорон ва радди дархости иҷозати баргузорӣ рӯбарӯ мешавем. Афзоиши шумори иштирокдорон сарфи назар аз монеаҳо исбот мекунад, ки чорабиниҳои мо муҳим ва зарур ҳастанд", - омадааст дар изҳорот.
Шаҳрдории пешини Алмато соли гузашта низ ба баргузории роҳпаймоии занон дар рӯзи 8 марти иҷозат надода буд. Вале маъмурияти нави шаҳр баъди ҳодисаҳои моҳи январи гузашта барои баргузории ҳамоиш ва раҳпаймоии занон розӣ шуд.