Исфандиёри Одина, рӯзноманигори озод
Шаби 21-уми декабр шаби дарозтарини сол аст, ки ахтаршиносон ба он “инқилоби зимистонӣ” ва мардум “Шаби Ялдо” ё “Шаби Чилла” мегӯянд. ЮНЕСКО ё Созмони Илмӣ, Омӯзишӣ ва Фарҳангии Милали Муттаҳид ҳудуди се ҳафта пеш бо пешниҳоди Эрону Афғонистон онро ба унвони мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и фарҳанги ҷаҳонӣ сабт кард.
Дар фарҳангҳои мухталиф ба шеваҳои гуногун аз “Шаби Ялдо” таҷлил мешавад. Бисёре аз хонаводаҳо суфраи вижае саршор аз нуқлу набот меороянд ва то бомдод шаби дарозтарини солро бо хондани достонҳои куҳан ва бо айшу тараб рӯз мекунанд. Гирифтани фоли Ҳофиз ё фолгирӣ аз рӯи девони Ҳофиз аз муҳимтарин рукнҳои Шаби Ялдост.
Анор ва ҳиндувона (тарбуз) аз умдатарин меваҳое ҳастанд, ки суфраи ҷашнии шаби Ялдоро зиннат медиҳанд. Рӯзи 20-уми декабр дар баъзе аз дӯконҳои баққолии эронӣ дар Финчлӣ, маҳаллае дар шимоли Лондон, мардум беш аз ҳар меваю сабзиҷоти дигар анору ҳиндувона мехариданд, то ҷое ки ҳатто яке аз дӯкондорон фурӯши ин ақлом (намуна, анвоъ)-ро маҳдуд кард. Вай ба харидорон мегуфт, “ба ҳар кас беш аз панҷ анор ва як ҳиндувона намефурӯшам, чун харидорон зиёданд ва бояд ба ҳама бирасад.”
Ойини Меҳр
“Ялдо” вожае сурёнӣ аст, ба маънои зоиш, ки бо калимаҳои арабии “таваллуд”, “милод” ва “мавлуд” ҳамреша аст. Бархе онро ба милоди Исои Масеҳ пайванд медиҳанд, вале пажӯҳишҳо баёнгари он аст, ки ин расм қабл аз масеҳият дар миёни мардуми эронӣ ва румӣ роиҷ буд ва дар асотири куҳан замони зоиши Митро (ё эзади Меҳр) хонда мешавад.
Ончи имрӯза фарҳангшиносон ойини меҳрпарастӣ меноманд, аз кешҳои бисёр куҳани мардуми ориёӣ ё ҳиндуаврупоӣ буда ва осори бостоншиносии зиёде аз ин ойин, бавижа ниёишгоҳҳо ё хонақоҳҳои бозмонда аз даврони пешомасеҳият дар бахшҳое аз Фарангистон (Аврупо) ва Ховарон (Туркияи имрӯзӣ) пайдо шудааст.
Бар деворҳо ё сардари баъзе аз калисоҳо ё ниёишгоҳҳои куҳани Аврупо ҳанӯз ҳам ибораи “Митро (ё хуршед)-и шикастнопазир” (Sol Invictus)-ро метавон дид.
Митра (ё меҳр) дар забони авестоӣ ва санкрит ба маънои паймон аст ва ба афроди паймоншикан “митрадруҷ” мегуфтанд ва паймоншиканӣ назди эрониёни бостон гуноҳ маҳсуб мешуд. Вафодорӣ ба аҳду паймон бавижа байни қабилаҳо ва тойифа (гурӯҳ)-ҳои мухталифи ориёӣ, ки гоҳу ногоҳ бо ҳам дар ҷангу набард буданд, бисёр муҳим буда ва бино бар ин Митро ё Меҳр ба маънои сулҳ ва оштӣ ҳам ба кор мерафт. Ба иборати дигар, Митро ё Меҳр эзад ё фариштаи паймону вафодорӣ ва муваддату дӯстӣ низ будааст.
Зоиши Хуршед
Намоди ин оштӣ зоҳиран Хуршед буд, чун агар саҳнаи ҷангро ба гунаи осмоне тасаввур кунем, ки абри сиёҳи нафрат онро фаро гирифта, пас, садои ғуррандаи тундар ҳамон садои табли ҷанг аст ва шамшерҳои бурранда дар майдони ҷанг монанди озарахше дар осмони тира медурахшанд. Поёни ҳар ҷанге сулҳ аст, дуруст мисли Хуршеде, ки аз паси як рӯзи тӯфонӣ бо боришҳои шадиду селобҳои вайронгар аз пушти абрҳо берун меояд ва ҷаҳонро рӯшан месозад ва ба мардум гармию оромиш мебахшад.
Пас, ин шаб шаби зоиши Митро ё ҳамон Хуршед аст. Хуршед баростӣ мазҳари оштӣ ва сулҳ ва меҳру муҳаббат аст, аз ин рӯ, дар забонҳои эронӣ ва дар адаби куҳани порсӣ вожаи “меҳр” (Митро) гоҳ ба маънои Хуршед меояд. Чунончи дар яке аз навиштаҳои куҳан ба забони балхӣ номи Хуросон, ки дар порсии миёна ба гунаи “Хваросон” (яъне ҷои баромадани Хвар ё Офтоб) аст, ба шакли “Ми(ҳ)росон” сабт шудааст.
Падари шеъри порсӣ, Рӯдакӣ, ҳам дар ин маънӣ гуфта:
Меҳр дидам бомдодон чун битофт,
Аз Хуросон сӯи Ховар мешитофт.
Фирдавсӣ низ дар “Шоҳнома” мегӯяд:
Чу аз чархи гарданда бифрӯхт меҳр,
Биёрост рӯи заминро ба чеҳр.
Ҷидоли нур бо торикӣ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шаби ялдо – ҷашни фаромӯшшудаПайванди Митро ё Хуршед бо шаби Ялдо ҳам ин аст, ки шаби дарозтарини сол назди эрониёни бостон шум маҳсуб мешуд, чун он шаби набард ва ҷидоли нур бо торикӣ аст. Торикӣ ва сардӣ дар бовари эрониён ба Аҳриман ё Ангромину рабт дорад ва нуру гармӣ ба Сипандмину, ки намоди офариниши неки Аҳуромаздост. Пас, дар шаби дарозтарини сол ҷидоли нур бо торикӣ дарозтар аз ҳар замони дигар тӯл мекашад ва дар бомдод албатта ба пирӯзии Митро ва зоиши Хуршед меанҷомад.
Субҳи ин шаб, ки поёни моҳи Озар ва сароғози Даймоҳ аст, барои эрониён бисёр гиромӣ буда, ин рӯзро ҷашн мегирифтаанд. Яъне аз ин замон ба баъд баҳраи Хуршед (ва гармию нури он) батадриҷ бештар ва бештар мешавад ва баҳраи торикӣ аз сол камтару камтар мешавад, то ин ки дар замони эътидоли баҳорӣ (20-уми март ё аввали фарвардин, ки огози соли нави порсӣ ва Наврӯз аст) шабу рӯз баробар мешаванд.
Ва дар замони инқилоби тобистонӣ, ки мусодиф бо 21-уми июн ё 31 хурдодмоҳи порсӣ аст, мо ба дарозтарин рӯзи сол мерасем. Баъд аз он рӯзҳо батадриҷ кӯтоҳтар мешаванд, то замони эътидоли пойизӣ (23-юми сентябр ё авали Меҳрмоҳ) ва аз он замон баҳраи шаб аз замон дубора бештар мешавад. Яъне рӯзҳо кӯтоҳтар ва шабҳо дарозтару сардтар мешаванд. Ҷашни Меҳргон ҳам дар шонздаҳумин рӯзи ин моҳ баргузор мешавад – яъне замоне ки рӯзи Меҳр ва моҳи Меҳр бо ҳам мусодиф мешаванд.
Гоҳшумории порсӣ
Ҳамон гуна, ки мебинем, ин ҷашн ба гардиши моҳу хуршед ва дониши ахтаршиносӣ ва тақвиму гоҳшуморӣ рабти мустақиме дорад. Дар гоҳшумории порсӣ шаби Ялдо поёни моҳи Озар аст ва рӯзе, ки аз бомдоди он шаб оғоз мешавад, нахустин рӯзи Даймоҳ аст. Ва ин оғози давраест, ки мардуми порсизабон ба он “Чилла” мегӯянд. Ҳамонгуна, ки аз номаш пайдост, ин давра чиҳил шабонарӯзро дар бар мегирад.
Чиллаи бузург аз оғози Даймоҳ то даҳумин рӯзи моҳи Баҳман тӯл мекашад, чиллаи кӯчак бист рӯзи дигар аз ин моҳро дар бар мегирад. Аз назари пешиниён ин давраи бисёр сахти зимистон барои чаҳорпоён буд ва мардуми домдор гоҳ чаҳорпоёни зиёди худро дар сармо талаф медоданд. Бо таваҷҷуҳ ба оғози мавсими “Чилла” имрӯзҳо бисёре ба ҷои “шаби Ялдо” номи “шаби Чилла”-ро ба кор мебаранд, ки дуруст нест, чун Чилла чиҳил шаб аст, Ялдо танҳо як шаб аз шабҳои Чилла ва дарозтарин шаби сол аст.
Дар фарҷоми Чиллаи бузург ҷашни Сада барпо мешавад, ки мусодиф бо даҳумин рӯзи Баҳманмоҳ аст. Абӯрайҳони Берунӣ мегӯяд ин ҷашн панҷоҳ шаб ва панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз аст, бино бар ин “Сада” (аз шумораи сад) номида мешавад. Аммо бархе аз пажӯҳишҳо ҳокист, ки Сада қаблан бо шаби Ялдо мусодиф буда ва дар гузари айём ба далели табдил шудани гоҳшуморӣ замонаш тағйир ёфта, яъне аз оғоз ба анҷоми Чилла кӯчидааст. Дар асотири эронӣ ҷашни Сада ба кашфи оташ аз сӯи Ҳушанг, подшоҳи афсонаӣ, рабт дорад, ки Фирдавсӣ ин достонро батафсил баён карда:
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Мероси ҷаҳонӣ
Бо ин ҳол, зикре аз Шаби Ялдо дар “Шоҳнома” нест, ҳарчанд дар осори шоирони дигар номи он фаровон ба кор рафта, бештар барои ташбеҳи зулфи сиёҳи ёр ё тирагии дил ё рӯзгори сангин ба он, чунончи Саъдӣ гӯяд:
Рӯзи рӯяш чу барандохт ниқоб аз сари зулф,
Гӯӣ аз рӯзи қиёмат шаби Ялдо бархост.
Носири Хусрави Қубодиёнӣ гӯяд:
Қандил фурӯзӣ ба шаби Қадр ба масҷид,
Масҷид шуда чун рӯзу дилат чун шаби Ялдо.
Имрӯзҳо бузургсолон ва касоне, ки бо домдорӣ сару кор доранд, лафзи “чилла”-ро ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон мефаҳманд ва ба кор мебаранд. Вале азбас гоҳшумории миллӣ дар инҷо корбурди расмӣ надорад, бисёре аз мардум аз шаби Ялдо ва моҳҳои порсӣ чандон огоҳие надоранд. Албатта, теъдоде ҷашни Шаби Ялдоро барпо медоранд – касоне, ки ҳанӯз пайвандашон бо фарҳангу адаби гузашта нагусаста, ё касоне, ки бо ҳамзабонони бурунмарзӣ иртиботи танготанге доранд.
Давлат ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ҳамчунон дар сояи таблиғоти Шӯравӣ ва нуфузи фарҳанги русӣ ба сар мебаранд ва ба мероси гузаштаи худ камтар дилбастагӣ доранд. Масалан, пешниҳодҳо барои расмӣ кардани тақвими миллӣ ва гузор ба хати порсиро давлат ҳамеша нодида гирифтааст. Ҷашни Соли нави масеҳӣ низ тибқи тақвими расмии григориянӣ бо шукӯҳи бештаре аз Наврӯз таҷлил мешавад. Ҳарчанд мақомоти тоҷик (ҳамроҳ бо мақомоти эронӣ) асноде барои сабти ҷаҳонии Меҳргону Сада ба ЮНЕСКО ироа додаанд, ин пешниҳодҳо ҳанӯз пазируфта нашудааст.