Баррасии аз Қазоқистон ба Олмон фиристодани нафт

Ба иттилои Мағзум Мирзогалиев, раиси ширкати миллии нафту гази “КазМунайГаз”, Қазоқистон масъалаи интиқоли нафтро ба Олмон моҳи оянда баррасӣ мекунад.

“Тибқи дастури президенти Қазоқистон, "КазМунайГаз" имкони интиқоли озмоишии нафтро ба Олмон моҳи январи соли 2023 баррасӣ мекунад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат аз қавли Мирзогалиев.

Бино ба хабари дафтари матбуоти КМГ, 20-уми декабр раиси КМГ Мағзум Мирзогалиев бо Майкл Келлнер, котиби давлатии Вазорати иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон мулоқоти маҷозӣ ё онлайнӣ анҷом додааст. Инчунин ӯ дар Остона бо Кристиан Горке, вакили парлумони Олмон суҳбат карда.

Ҷонибҳо масъалаи содироти нафти Қазоқистонро ба шаҳри Шведти Олмон баррасӣ кардаанд. Вакили Бундестаг дар рафти мулоқот ба “таҳвили устувори ашёи хом аз Қазоқистон тавассути лӯлаи нафтгузари “Дружба” умед бастааст.

"Раҳбари КМГ имкони содироти нафти Қазоқистонро тавассути ин лӯла ба Олмон таъйид кард, аммо ба зарурати ҳалли масъалаҳои шартномавӣ ва фаннӣ ишора намуд," - хабар медиҳад хадамоти матбуотӣ.

Мақомоти Олмон ният доранд, бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо то охири сол воридоти нафти Русияро тадриҷан бас кунанд ва бо Лаҳистон барои таъмини интиқоли нафт ба корхонаҳои коркарди нафти шаҳри Шведт, ки тақрибан 90 дарсади бензин ва дизелро ба Берлин таъмин мекунад, музокира мекунанд.

Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Ройтерз” бо истинод ба Майкл Келлнер, котиби давлатии Вазорати иқтисоди миллии Олмон хабар дод, ки Берлин барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон талош мекунад.

Иқтидори солонаи корхонаи коркарди нафти Шведт беш аз 10 миллион тонна нафти хомро ташкил медиҳад.