Маркази таҳқиқотии Беларус (МТБ) дар гузорише гуфтааст, бо вуҷуди эъломи таҳримҳо, содироти чӯбу тахтаи ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо идома дорад.
МТБ муайян кардааст, ки пас аз таҳрими чӯбу тахтаи Беларус содироти ин навъи маҳсулот тавассути Қазоқистон ва Қирғизистон ба ИА дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 74 ва наздики 18 ҳазор бор афзоиш ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳар ду кишвар аз Беларус чӯбу тахта ворид мекунанд.
Чӯбу тахтаи Беларусро дар ИА асосан Лаҳистон, Литва, Латвия, Олмон ва Ҳолланд мехаридаанд.
Қаблан хабарнигорони Радиои Озодӣ муайян карда буданд, ки Русия барои давр задани таҳримҳои ИА маҳсулотро аз Қирғизистон ва Қазоқистон харидорӣ мекунад.