Вазорат хост, карантини мактабҳо дар Қирғизистон дароз шавад

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Қирғизистон тавсия додааст, ки муҳлати карантини мактабу боғчаҳо дар ин кишвар дароз карда шавад.

Дар хадамоти матбуотии вазорат ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 20-уми декабр дар ин кишвар 6 ҳазору 558 мавриди гирифторӣ ба зуком ва сирояти вируси шадиди роҳҳои нафас (ОРВИ) сабт шуд.

"Дар робита ба идомаи афзоиши шумори беморон миёни кӯдакон, ки аз 68,7% то 72,6%-ро ташкил медиҳад, ба Вазорати маориф ва илми Қирғизистон тавсия дода шуд, ки таҳсили фосилавӣ дар мактабҳо ва карантини боғчаҳо то 30-юми декабри имсол идома ёбад", - гуфтанд дар вазорат.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон то ҳол тавсияи мазкурро шарҳ надодааст.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон қаблан ҳамаи мактабҳои миёнаи ин кишварро ба далели густариш ёфтани бемориҳои гузарандаи вирусӣ ва зуком то рӯзи 24-уми декабр ба таҳсили фосилавӣ гузаронида буд.