Кормандони "Яндекс.Еда", хадамоти дастраскунандаи ғизо дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Русия бо талаби афзоиши маош панҷ рӯз коршиканӣ мекунанд.
Иттифоқи касабаи "Курьер" дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм иттилоъ додааст, ки беш аз 600 корманди "Яндекс.Еда" аз 20 то 25 декабр ба кор нахоҳанд баромад.
Ба ҷуз ин, ба дастраскунандагони ғизо пешниҳод шудааст, ба хотири фишор овардан ба шарикони "Яндекс" хазинаҳои тарабхонаҳоро банд намоянд, то навбатпоиҳо ба миён ояд.
Бино ба хабарҳо, қосидон дар баробари афзоиши маош талаб доранд, ки бо онҳо қарордоди корӣ имзо ва низоми ҷаримабандӣ бознигарӣ карда шавад.
Дар хадамоти матбуотии "Яндекс.Еда" ба нашрияи "Коммерсант" гуфтаанд, ки хадамот тибқи низоми муқаррарӣ, кор мекунад ва аз тарафи кормандон шикояте нашудааст.