Наздикони гумонбарони "парвандаи Кампиробод" хоҳони мулоқот ҳастанд

Бишкек

Дар назди боғи Панфилови шаҳри Бишкек наздикони муттаҳамони “парвандаи Кампиробод” гирди ҳам омаданд. Дар ин бора худи тазоҳургарон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Дар ин гирдиҳамоии эътирозӣ ҳудуди 70 нафар ширкат кардаанд. Нуройим Сидиқалиева, ҳамсари Алӣ Шабдон, яке аз боздоштшудаҳои “парвандаи Кампиробод”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздикони фаъолон ва сиёсатмадорони боздоштшуда мулоқот бо президент Содир Ҷабборовро талаб доранд.

“Вазъи сиҳатии шавҳарам хуб нест. Имрӯз мо бо талаби мулоқот бо президент ҷамъ омадаем. Мо аз вазъи наздиконамон нигарон ҳастем, аз он нигаронем, ки аз ҷониби табибони СИЗО ягон вокуниш сурат намегирад”, - таъкид намуд ҳамсари Алӣ Шабдон.

Бар илова, Сидиқалиева афзуд, шояд дар мавриди боздоштшудаҳо ба раиси ҷумҳур “маълумоти нодуруст” пешниҳод карда бошанд.

“Бо такя ба мусоҳибаи охири президент, фикр мекунам, ки ба ӯ маълумоти дурӯғ мерасонанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шояд дар бораи таҳдидҳое гуфта бошанд, ки гӯиё боздоштшудаҳо доранд. Бо ин кор, онҳо худи президентро, ки рейтингаш зуд поин меравад, бадном мекунанд. Ӯ кафили Конститутсия мебошад. Агар додрасҳо ва ВКД қонунҳоро вайрон мекунанд, пас мо мехоҳем ҳангоми мулоқот ҳама чизро ба президент бигӯем”, - гуфт Сидиқалиева.

Моҳи октябр дар Бишкек тақрибан 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеа бо гумони "омодагӣ ба ташкили ошӯбҳои оммавӣ" боздошт шуданд. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт, моҳи декабр чораи пешгирӣ боз барои ду моҳи дигар тамдид карда шуд.

Ба нишони эътироз ба ҳукми додгоҳ 19 муттаҳами ин парванда гуруснанишинӣ эълон карданд. Вакилони мудофеи бархе боздоштшудаҳо ва намояндагони Пажуҳишгоҳи Омбудсмен аз вазъи саломатии онҳо нигаронӣ карданд.

Содир Ҷабборов рӯзи 17-уми декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.