Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 247 хонаводаи ниёзманди афғонистонӣ ёрии пулӣ расондааст.
Дар хабарномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз 19-уми декабр гуфта шудааст, ки ёрӣ ба хонаводаҳои паноҳҷӯён дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ дастрас шуд. Ёрӣ якдафъаина аст.
Ҳазорҳо сокини Афғонистон аз тарси Толибон ва бо нияти рафтан ба кишвари севум, аз ҷумла Канада, ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар кишвар беш аз даҳ ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ сабтином шудаанд.
Мақомот даҳҳо нафари онҳоро ба далели, ба гуфтаашон, риоя накардани қоидаи будубош аз кишвар рондаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ рафтори Тоҷикистонро танқид карданд.