Мақомоти Украина мегӯянд, нерӯҳои Русия бо истифода аз дрон ва ё паҳподҳои вайронгар ба зербунёдҳо, аз ҷумла шабакаҳои барқии Киев ва ноҳияҳои атрофи он, зарба задаанд.
Раёсати низомии ҳукумати Киев гуфт, дар ҳамлаҳо 2 нафар маҷруҳ шуданд.
Русия дар ҳамлаҳо 20 паҳподи сохти Эронро ба кор бурда, системаи дифои ҳавоии Украина 15 адади онро аз байн бурдааст.
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, бар асоси иттилои муқадаммотӣ ҳеч касе дар ҳамлаҳо осеб надидааст. Раиси вилояти Киев гуфт, дар иншооту хонаҳо зарар дидаанд ва ду нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Дар муддати 10 моҳи таҷовуз ба Украина, Русия бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳои сохти Эрон зербунёдҳои Украинаро ҳадаф гирифтааст, ки онро талоше барои дар сардӣ нигаҳ доштану заиф кардани рӯҳияи мардуми кишвар медонанд.