Як рэпсарои тоҷик ба тозагӣ достони захмӣ шудани як сарбози Русияро аз Тоҷикистон, ки пас аз он натанҳо "аз саломатӣ маҳрум шуд, балки дӯстдоштаашро низ аз даст дод", дар таронае баён намуду дубора ин баҳсро гарм кард.
"Садои очаҷонам ба гӯшам аз ҳар сӯ мия (меояд),
Ма (Ман) ранги тахта шудам, тарсу ваҳму дил надорам,
Фақат як фикр дар сарам, инхелӣ ба кӣ даркорам?"
Сӯҳроб Солиев, машҳур бо тахаллуси "Мастер Сура", мегӯяд, достон дар бораи ҷавоне ба номи Баҳодур аст, ки ҳангоми таркиши мина гӯшаш захмӣ ва пою китфонаш беҳис шуда буданд.
"Аз як шифохонаи ҳарбӣ занг зад. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ёфтааст. Гуфт, шаҳрванди Русия асту пеш аз ҷанг ба артиш ҷалб шуда буд. Шикоят кард, ки пас аз маҷруҳ шудан дӯстдоштаашро ба шавҳар додаанд. Хост, дар бораи сарнавишташ рэп хонам," -- гуфт Суҳроб Солиев охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Репсарои тоҷик хоҳиши Баҳодурро аз Тоҷикистон иҷро кард ва дертар хабари марги ӯро фаҳмид. "10-15 рӯз телефонӣ гап мезадем. Оҳиста-оҳиста сиҳат шуд. Гуфт, моро боз ба ҷанг мебаранд. Гуфтам, Худо нигаҳбонат. Баъд чанд бор навиштам, дигар ҷавоб надод. Чанде пеш хабар доданд, ки ӯ дар ҷанг кушта шудааст,” – нақл кард Сӯҳроб Солиев.
Аз оғози ҷанги Русия дар Украина матбуот тасдиқи хабари марги тақрибан даҳ зодаи Тоҷикистонро ёфтааст. Дар бораи теъдоди умумии кушташудащо ва захмиён маълумоте нест. Дар бораи талафоти тоҷикон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина низ иттилое нест.
Бино ба наворҳое, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, зодаҳои Тоҷикистон аз ҳарду ҷониби ҷанг ба асорат афтодаанд. Тасдиқу тафтиши дурустии ин навору хабарҳо дар шароити ҷанг номумкин аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эълонҳои пайиҳам дар бораи ҷавонони гумшудаи тоҷик дар Русия. Онҳо куҷо шуданд? ВИДЕОМаъмулан мавзӯи асосии таронаҳои аксар ҳунармандон дар Тоҷикистон ишқу ватан аст. Баъзе аз онҳо муҳтотона (эҳтиёткорона) ва бо лаҳҷаву гӯишҳои хиёбонӣ аз мушкилот ҳарф мезананд.
Сӯҳроб Солиев ё Мастер Сура дар сурудҳояш бо дархости ҷавонон аз зиндагӣ ва мушкилоти онҳо месарояд. Ӯ дар бораи муҳоҷират, марг дар ғарибӣ, ҷанг дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ноадолатӣ низ рэп хондааст.
Шон Мс, рэпсарои дигари тоҷик, дар як сурудааш аз демократияву озодии баён гуфту хабарнигори ҳоло зиндонӣ Далери Имомалиро сутуд, вале ҳамзамон гила кард, ки забони худаш дар гуфтани бисёр мавзуъҳо баста аст.
"Демократия! Монен (монед), марам (ман ҳам) бгум (бигӯям) гапома (гапҳоямро),
Монен (монед), як бор аз кӯрпа берун барорам пойҳома (пойҳоямро),
Бгум дардома (Дардҳоямро бигӯям), аз чанд чиз ман норозиям,
Ҳақиқат дар ин замон, дар банди балоҳай, розиям,” – сурудааст ӯ.
Ҷанги Русия бо Украина, ки нав ба “репертуар”-и рэпсароёни тоҷик ворид мешавад, тақрибан даҳ моҳ пеш сар шуд. Кремлин онро “амалиёти махсус” меномад, вале Киев таҷовуз ба қаламраваш медонад. Аз он замон то ҳоло ҳазорҳо кас кушта ва миллионҳо нафар бехонаву дар ва иншооти зиёди ғайринизомӣ вайрону валангор шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҷанги бегона". Оё ҷалби ақаллиятҳои миллӣ ва муҳоҷирон ба ҷанги Украина Тоҷикистонро таҳдид мекунад?