Ҷасади ду низомии қирғиз, ки дар ҷанги Русия бо Украина кушта шуданд, дар зодгоҳашон ба хок супурда шуданд.
Ширкати низомиёни қирғиз дар маросими дафни кушташудаҳо дар Қирғизистон баҳсбарангез шуд.
Коршиносони қирғиз нигаронӣ мекунанд, ки дар маросими дафни ин сарбозҳо низомиёни қирғиз иштирок доштанд ва парчами Қирғизистон барафрохта шуд, ки ин маънои ҳамфикри бо Русияро дорад.
Эгамбердӣ Дорбоев, сарбози артиши Русия дар зодгоҳаш, вилояти Исиққул, ба хок супурда шуд. Тибқи анъана дар Қирғизистон, дар хонаи нафари фавтида юрта гузошта мешавад. Ҷасади сарбози қирғизро низомиёни рус ба хонаашон оварданд. Касе аз наздикони Дорбоев нахост бо журналистон сӯҳбат кунад. Эгамбердӣ дар Исиққул таваллуд ва бузург шудааст. Чанд сол пеш ӯ бо модараш соҳиби шиносномаи Русия шуданд ва ба ин кишвар кӯч бастанд. Ба ҷуз аз низомиёни рус, дар маросими видоъ бо Дорбоев, сарбозони Қирғизистон ҳам ширкат карданд, вале Эгамбердиро чун сарбози рус бо парчами Русия дар болои тобуташ дафн карданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ба нақли сокинон, баъди ба хок супоридани ҷасад тибқи қоида парчами давлатии Русия ба хонаводаи сарбози қирғиз дода шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, Эгамбердӣ Дорбоев, тибқи шартнома дар артиши Русия хизмат мекард. Ӯ 4 моҳ пеш ба хизмат дар сафи артиши Русия шурӯъ кард. Дорбоев дар қисми ҳарбии разведкаи алоҳида дар минтақаи Белград хизмат мекард.
Сарбози дуввум, Рустам Зарифуллин, ба мисли Эгамбердӣ Дорбоев, ки дар Украина ба ҳалокат расид, шаҳрванди Русия буд. Бо ин вуҷуд, дар маросими дафн дар қатори низомиёни рус, бо парчами Русия, сарбозони қирғиз бо рамзҳои давлатӣ низ ҳузур доштанд. Бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо дидани ин манзара ба ғазаб омаданд. То ин дам мақомоти Қирғизистон борҳо изҳор дошта буданд, ки дар робита ба ҷанг дар Украина мавқеи бетарафиро интихоб кардаанд.
Ситоди кулли Қирғизистон гуфт, ки “дар ин чорабиниҳо низомиёни Қирғизистон дар асоси муроҷиати сафорати Русия дар ҷумҳурии Қирғизистон тибқи тартиби ҳамкориҳо ширкат доштанд.”
Сиёсатшинос Эмил Ҷӯраев ин амали мақомотро кӯтоҳандешона меномад. Ба назари ӯ, раҳбарияти кишвар дарк намекунад, ки ҳузури низомиёни қирғиз ва парчами давлатӣ дар маросими дафн Қирғизистонро ба амалҳои Русия дар Украина ҳамчун шарик ба намоиш мегузорад. “Ин як маъракаи таблиғотӣ аст. Қаблан расонаҳои русӣ бо баъзе мавқегирӣ, мехостанд нишон бидиҳанд, ки Қирғизистон аз Русия ҳимоят мекунад. Ҳарчанд Қирғизистон ба ҳеҷ ваҷҳ чунин мавқеро баён накардааст. Дар ҳамин ҳол, наворҳо аз маросими дафн бо парчам ва ҳузури низомиёни Қирғизистон сабт гардидааст, ки ҳамаи ин моро тарафдори таҷовузи низомии Русия нишон медиҳад.”,--гуфт ӯ.
Ҳарду зодаи Қирғизистон дар артиши Русия тибқи шартнома хидмат мекарданд. Мақомоти Русия баъд аз марг онҳоро бо ордени "Ҷасорат" мукофотониданд.
Зодагони дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ дар канори Русия дар Украина меҷанганд. Дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон чаҳор нафар аз чунин қурбониён ба хок супурда шуданд. Чанд нафари дигар аз зодагони ин кишварҳо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳастанд ва чӣ теъдоде аз онҳо ҳоло дар минтақаи ҷанг қарор доранд, маълум нест.