Қаҳрамони филми "Шаҳрзод"-ро дар Эрон боздошт карданд

Тарона Алидӯстӣ, ҳунарпешаи маъруфи эронӣ

Тарона Алидӯстӣ –ҳунарпешаи маъруфи эронӣ, қаҳрамони филми "Шаҳрзод", баъди эътирозаш ба ҳукми қатли ҷавоне боздошт шуд.

Ҳунарпешаи 38-сола пайваста дар Инстаграм аз эътирозгарон пуштибонӣ мекард. Ӯ бо нашри як акси бидуни руйсарӣ дар саҳифааш ба ҷунбиши "Зан, зиндагӣ ва озодӣ" пайвастааст.

Алидустӣ ҳафтае пеш дар робита ба эъдоми ҷавоне бо номи Муҳсини Шикорӣ эътироз карда буд. Ӯ ба ҳукумат ҳушдор дод, ки мунтазири оқибатҳои амалҳои худ бошанд ва созмонҳои байналмилалиро танқид кард, ки хомӯшона хунрезиҳоро назорат мекунанд. Баъд аз ин навиштааш ӯро дар хонааш дар пеши чашми духтараш боздошт кардаанд.

Хабаргузории "Тасним" навиштааст, ки Тарона Алидӯстӣ ба дурӯғпароканӣ ва талош барои барангехтани нооромӣ муттаҳам мешавад.

Дар Эрон ду моҳ боз, пас аз марги Маҳсо Аминӣ, духтаре, ки ӯро барои "бадҳиҷобӣ" боздошт карда буданд, эътирози сокинон давом дорад.