Путин ба Минск сафар мекунад

Лукашенко борҳо ба дидори Путин ба Маскав сафар кардааст.

Қарор аст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба зудӣ барои мулоқот бо ҳамтои беларусаш Александр Лукашенко ба Минск сафар кунад.

Сафар ҳам дар вақте сурат мегирад, ки пешравии нерӯҳои Русия дар ҷанги Украина суст шудааст. Ӯ имрӯз, 19-уми декабр, ба Белорус меравад ва ин нахустин сафари Путин дар се соли ахир ба ин кишвар аст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Беларус хабар дод, ки ду тараф суҳбати як ба як хоҳанд дошт ва ҳам музокироти васеътар бо ҳузури вазирони ҳамгироии Русияву Беларус.

Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон ва низомиён, шояд Владимир Путин, Лукашенкоро тарғиб намояд, ки сарбозони кишварашро ҳамроҳ бо сарбозони рус ба ҷанги Украина бифиристад.

Раиси ҷумҳур, Владимир Зеленский гуфт, Украина омодаи “тамоми таҳаввулоти имконпазир”, аз ҷумла ҳамла аз қаламрави ҷумҳурии Белорус аст.