Бародараш гуфт, вазъи саломатии Завқибек Саидаминӣ "хуб нест"

Завқибек Саидаминӣ

Бародараш мегӯяд, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7 сол зиндони рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ (Завқибек Солеҳов)-ро, ки таҳқиқи парванда ва мурофиаашро "якҷониба ва нопурра" номида буд, тағйир надод. Ӯро аллакай аз боздоштгоҳ ба зиндон бурдаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар оғози моҳи ноябр хабарнигори 38-соларо ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" гунаҳкор кард. Худаш гуфтааст, ба ҳеч созмону гурӯҳе вобаста нест ва аз Додгоҳи Душанбе хоста буд, ҳукмро бекор кунад.

Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек Саидаминӣ, рӯзи 17-уми декабр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки қарори Додгоҳи Душанбе 30-юми ноябр эълон шудааст. Вале нагуфта, ки чаро онро баъди беш аз ду ҳафта расонаӣ карданд.

"Бародарам Завқибек ният дорад, ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, бегуноҳияшро исбот кунад! Барои бародарам, ки ҳоло саломатияш хуб нест, дуо кунед, то хуб шаваду ҳақ ба ҳақдор бирасад," – навиштааст ӯ. Сино Саидаминӣ дақиқ ишора накардааст, ки бародараш аз чӣ беморӣ ранҷ мекашад. Қаблан Гузоришгари вижаи Созмони Милал гуфта буд, ки хабарнигори зиндонӣ Далери Имомалӣ "ба пизишк ва ёрии тиббӣ" ниёз дорад.

Завқибек Саидаминӣ моҳи июли имсол дастгир ва моҳи октябр ба зиндон маҳкум шуд. Ҳукми ӯ вокунишҳои байнулмилалиро ба бор овард. Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҳукмашро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон донист ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон озодияшро хост.

Хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд.

Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд. Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд.

Дар ним сол ҳафт хабарнигору блогери тоҷик дастгир ва то ин дам шаш нафари онҳо аз 7 то 21 сол зиндонӣ шудаанд. Муҳокимаи як нафари дигар идома дорад. Созмонҳои байнулмилалӣ рафтори мақомоти Тоҷикистонро танқид кардаву озодии хабарнигоронро хостанд, вале акси садое нашуниданд.