Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бо фармондеҳони низомии кишвараш дар мавриди ҳамлаи бедалели Маскав ба Украина гуфтугӯ кардааст.
Ин ҳамла тақрибан даҳ моҳ пеш оғоз ёфт ва то кунун аз ду тараф ҳазорҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошта, миллионҳо нафарро бехонаву дар ва муҳоҷир кардааст.
Кремлин 17-уми декабр гуфт, Путин рӯзи шанбе бо вазири дифоъ ва фармондеҳи ҷанги Русия дар Украина гузориши генералҳоро шунид.
Русия рӯзи ҷумъа бо сар додани даҳҳо мушак зербиноҳои мулкӣ, бавижа, таъсисоти энержии Украинаро бори дигар нишон гирифт.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17-уми декабр дар сартосари Украина дигарбора бонги хатар зада шуд.
Русия аз 10-уми октябри имсол ва дар пайи шикастҳои низомӣ шабакаи энержӣ ва дигар зерсохтҳои ғайринизомии Украинаро ҳадаф қарор додааст. Маскав ҳамвора иддао дорад, ки асосан иншооти низомиро мезанад.