Ба гузориши сомонаи "Азия-Плюс", Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр ҳукми зиндони хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир мондааст.
Қаблан Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ӯро ба гуноҳи таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ ҳафтуним сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Худаш ҳукмро беасос номид.
Яке аз пайвандони Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба "Азия-Плюс" гуфтааст, дархост барои бозбинии ҳукми хабарнигор дар боздоштгоҳ гузашту танҳо вакили мудофеъ ба онҷо роҳ ёфт.
Вакил Абдураҳмон Шарифов гуфтааст, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар фурсати наздиктарин аз боздоштгоҳ ба зиндон бурда хоҳад шуд. Вай дар айни замон афзуда, ки бозбинии ҳукмро аз додгоҳи ҷумҳурӣ хоҳанд хост.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ моҳи июни имсол дастгир ва моҳи октябр ба зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар гузашта дар нашрияи “Фараж” ва хабаргузории “Азия-Плюс” кор кардааст. Моҳҳои охир бо хабарнигори дигар Далери Имомалӣ дар бораи мушкили мардум ва бархурди мақомот барои Ютуб гузориш омода мекард.
Додгоҳ Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор донист. Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гуруҳҳои мамнуъ гунаҳкор кард. Ҳарду ҳукмро рад кардаанд.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон 7 хабарнигору блогерро дастгир ва то ин дам шаш нафари онҳоро ба зиндон маҳкум карданд. Ин тасмим танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба бовар овард.