Шӯрои донишҷӯёни эронӣ гуфт, макони нигаҳдории панҷ духтар аз Донишгоҳи шаҳри Санандаҷ (ғарби Эрон) номаълум аст.
Нерӯҳои амниятии Эрон онҳоро ҳангоми роҳпаймоӣ ба зидди эъдом ё қатли эътирозгарон, аз ҷумла Муҳсин Шикорӣ, дастгир кардаанд.
Донишҷӯён баргардондани ҷасади ӯро хоста, нидои “Марг ба диктатор” сар доданд.
Шӯрои донишҷӯён боздошти онҳоро “одамрабоӣ” номид. Дар ҳоле ки, ба иттилои манбаъ, нерӯҳои Эрон духтаронро аз 10 то 14-уми декабр дастгир карда, дар бораи вазъу макони нигаҳдории онҳо иттилое намедиҳанд.
Эътирозҳои сартосарӣ дар Эрон ба дунболи марги Маҳсо Аминии 22-сола дар моҳи сентябри имсол оғоз шуд. Бар асоси гузоришҳо, ӯ ба хотири риоя накардани ҳиҷоб латукӯб шуда, сипас ҷон дод.
Идораи назорат аз ҳуқуқи башари Эрон, қароргоҳаш дар Норвегия, мегӯяд, дар натиҷаи саркӯби эътирозҳо камаш 458 нафар дар Эрон ҷон бохтаанд.