Ҷанҷоли блогерони тоҷик дар Олмон бо зиндони шартӣ ва ҷарима поён ёфт

Сулаймон Орзуев, Музаффар Бобораҳматов ва Шерзод Маҳмадҷонов

Додгоҳе дар Олмон ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои баҳсу занозанӣ бо блогер Музаффар Бобораҳматов (Борода.Тҷ) ба зиндони шартӣ маҳкум кардааст. Ҳукми додгоҳи Зост рӯзи 15-уми декабр содир шуд. Аз ин афрод ном бурда намешавад. Манобеи наздик ба онҳо рӯзи 16-уми декабр гуфтанд, "ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба пардохти тақрибан даҳ ҳазор евро ҷарима ва дусад соат кор низ водор шуданд".

Шерзод Маҳмадҷонов (Абдураҳмон 09) ва Сулаймон Орзуев (Шеф.Тҷ), ду блогери тоҷики муқими Олмон, ки баҳси асосӣ байни онҳо ва Музаффар Бобораҳматов (Борода.Тҷ) сурат гирифта буд, аз толори додгоҳ озод шудаанд. Пештар додситон ба аввалӣ як сол ва ба дувумӣ як солу ду моҳ зиндон талаб карда буд.

Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи додрас ва фаҳмидани мавқеи Музаффар Бобораҳматов ба ҳукм натиҷа надод. Музаффар Бобораҳматов бар асоси гузоришҳояш дар Ютуб феълан дар Тоҷикистон аст ва, ба гуфтаи Шерзод Маҳмадҷонов, дар мурофиа низ иштирок надошт.

Шерзод Маҳмадҷонов рӯзи 16-уми декабр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Борода.Тҷ моро ба қасди куштор муттаҳам кардааст. Дар додгоҳ бо далел нишон додем, ки мо ба ӯ ҳамла накардем. Баръакс, бо даъвати худаш ба гуфтугӯ рафтем. Ӯ ва ҳамроҳонаш ба мо дарафтоданд."

Маҳмадҷонов ба далели, ба гуфтааш, амниятӣ аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамроҳи онҳо буданду дар ин қазия ҷазои сахттар гирифтанд, ном нагирифт. Танҳо гуфт, "барои онки заданду паронданд, чунин ҷазо гирифтанд. Дӯстони мо дар он ҳолат каме стресс доштанд ва чунин ҳодиса шуд. Додрас якеро як солу шаш моҳ ва дигареро як солу ду моҳ шартан аз озодӣ маҳрум кард."

Муноқиша байни блогерони тоҷик дар Олмон шаби 17-уми феврали соли 2021 рӯй дод. Бино ба видеоҳое, ки ҳар ду тараф нашр карданд, баҳси лафзӣ ба дашному гиребонгирӣ ва сипас ба тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ кашидааст. Дар умум аз ду тараф дар ин муноқиша 8 нафар ширкат доштаанд.

Он замон Музаффар Бобораҳматов ва Шерзод Мамадҷонов бо нашри видеоҳое дар Ютуб якдигарро ба сар задани муноқишаву занозанӣ муттаҳам карданд. Музаффар Бобораҳматов иддао карда буд, ки ин афрод пайравони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳастанду мехостанд, ӯро бикушанд. Иддаое, ки Шерзод Маҳмадҷонов ва Сулаймон Орзуев рад кардаанд.

Сабаби моҷарову занозанӣ ҳам ихтилофоти назар байни ин блогерон будааст. Музаффар Бобораҳматов умдатан аз масоили сиёсӣ дурӣ ҷуста, дар бораи мавзуъҳои иҷтимоӣ суҳбат мекард, баръакси Шерзод Маҳмадҷонов ва Сулаймон Орзуев, ки дар каналҳояшон бештар видеоҳои сиёсӣ ва динӣ дида мешавад.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2021 гуфта буд, ки “вақте як нафаре аз онҳо (Музаффар Бобораҳматов) аз Тоҷикистон ба Олмон баргашта, аз пешрафт дар кишвар мегӯяд, кори ӯ ба блогерони Ҳизби наҳзати исломӣ маъқул намешавад.”

Масъулони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯзи 17-уми феврали 2021 бо нашри баёнияе гуфтанд, ин афрод узви ҳизб нестанд.

Аз соли 2015 то кунун ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла фишору таъқиби мақомот барои ақидаҳои динӣ ё сиёсияшон, ба кишварҳои аврупоӣ, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳ бурдаанд. То кунун чанд нафари онҳо ба гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротгаро дар Олмон дастгиру зиндонӣ шуданд.