Ҳазорҳо нафар дар шаҳри Истанбули Туркия рӯзи дувум аст, ки ба ҷонибдорӣ аз шаҳрдори пешин ва зиндонӣ Эркем Имомоғлу ба кӯчаҳо мебароянд.
Додгоҳе дар Истанбул шаҳрдори пешин Эркем Имомоғлуро барои таҳқири ҳукумат ду солу ҳафт моҳ зиндонӣ кард. Ҳамчунин, ӯ баъди озод шудан аз зиндон ҳаққи машғул шудан ба корҳои сиёсиро надорад.
Додгоҳ як изҳороти Имомоғлуро "таҳқири ҳукумат" номид, ки соли 2019 садо додааст. Он замон Имомоғлу барои курсии раисии шаҳри Истамбул бо номзади ҳизби ҳоким рақобат мекард.
Дар интихобот Имомоғлу пирӯз шуд, аммо Кумисюни интихобот натиҷаҳоро ғайривоқеӣ номид. Имомоғлу дар интихоботи такрорӣ низ пирӯз шуд ва аъзои кумисюнро "беақлҳо" хитоб кард. Додгоҳ дар соли 2022 ҳамин гуфтаи ӯро "таҳқири ҳукумат" арзёбӣ намуд.
Имомоғлу рақиби эҳтимолии Эрдуғон дар интихоботи президентии соли ояндаи Туркия дониста мешуд.