Рӯзи 16-уми декабр дар саросари Украина бонги хатар зада шуд. Бино ба хабарҳо, низомиёни рус ба хоки Украина чанд мушаки болдор сар додаанд.
Расонаҳо ва маъмурияти ҳукуматҳои чандин вилояти Украина, аз ҷумла Киев, Палтовская ва Днепропетровская хабар додаанд, ки низоми зиддимушакии ҳавоии ин кишвар ба кор даромадааст.
Дар Киев таркишҳои сахт рух дод. Шаҳрдор Виталий Кличко гуфт, чанд иншооти шаҳр ҳадафи мушакҳо қарор гирифтанд.
Ҳукумати вилояти Харков иттилоъ додааст, ки ба зербиноҳои вилоят ҳамла шудааст. Дар натиҷа шаҳри Харков пурра бебарқ монд.
Дар бораи қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони чанд шаҳру вилояти Украина хабар дода мешавад. Мақомоти Украина дар бораи талафоти ҷонии ин ҳамлаҳо ҳанӯз иттилое надодаанд.